ҲАҶМИ УМУМИ ГАРДИШИ МОЛ 508,5 МЛН. СОМОНӢ

Март 5, 2010 11:01

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати рушди  иқтисод ва савдо таносуби гардиши мол дар савдои давлатӣ 99,1 фоиз ва ғайридавлатӣ 116,5 фоизро ташкил кард. Ҳаҷми умумии гардиши мол дар савдои чаканаи бозорҳо ва дигар сохторҳои тиҷоратӣ 508, 5 млн. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, фурӯши мол дар бозорҳои озуқаворӣ ва ашёи омехтаи ҷумҳурӣ 293,6 млн.сомонӣ ё ба андозаи 56,1 фоизи ҳаҷми умумии гардиши молро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба маблағи 46,1 млн. сомонӣ чорвои зинда, 28,6 млн. сомонӣ автомобилҳои боркаш ва сабукрав, 41,5 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ фурӯхта шудааст. Дар ҳаҷми умумии фурӯши озуқаворӣ гӯшту ҳасиб, орд, равғани растанӣ, қанд ва маҳсулоти қаннодӣ, сабзавот, картошка ва  меваҷот афзалият доранд.  

Март 5, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид