ҲАДЯИ НАВРӮЗӢ БА СОКИНОНИ ҲИЛОЛӢ

Март 10, 2010 14:55

Душанбе, 10 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар остонаи иди Наврӯз дар деҳаи Абдураҳмони Ҷомӣ воқеъ дар ҷамоати Ҳилолии ноҳияи Хуросон мактаби нави замонавии №46  сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ба истифода додани он вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва муовини раиси вилояти Хатлон Ҳ. Ҳакимова ширкат намуданд. Мактаби мазкур дар асоси лоиҳаи Раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва сохтмончиёни  ҶДММ -и «Ниагара-А»-и шаҳри Душанбе ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шуд. Бинои мактаб аз 12 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи  компютерӣ ва дафтарҳои кории омӯзгорону  маъмурият иборат буда, дар як баст 288 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешаванд. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,  мактаби №46 саввумин мактаб аст, ки дар соли 2010, ки Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудааст аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешавад.    

Март 10, 2010 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд