ҲАМКОРИҲОИ ЛОИҲАИ «РУШДИ ДЕҲОТ»
Душабе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» дар ташкилу раванди татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии заминсозӣ — геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин бо дигар корхонаю ташкилотҳои дохтилию хориҷӣ ҳамкории доимиро ба роҳ мондааст, — иброз дошт директори лоиҳаи мазкур Усмон Сабзов ба мухбири АМИТ «Ховар». Роҳбарияту мутахассисони Маркази идораи лоиҳа мунтазам ба ноҳияҳои пилотӣ сафарҳои хизматӣ анҷом дода, мавзеъҳои фарогири лоиҳаро меомӯзанд.Чунин чорабиниҳо аз ҷониби мутахассисон дар шаҳрҳои Ваҳдату Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод амалӣ гардида, дар сатҳи роҳбарони ноҳия ва муовинони онҳо семинарҳо доир намуданд ва таклифу пешниҳоди онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Амалӣ шудани чанд лоиҳа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Ваҳдату Файзобод ба нақша гирифта шуда, то оғози мавсими корҳои саҳроӣ дар таҷдиди каналҳо корҳо анҷом дода мешаванд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






