ҲАМКОРИҲОИ ЛОИҲАИ «РУШДИ ДЕҲОТ»

Март 2, 2010 09:45

Душабе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» дар ташкилу раванди татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии заминсозӣ — геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамчунин бо дигар корхонаю ташкилотҳои дохтилию хориҷӣ ҳамкории доимиро ба роҳ мондааст, — иброз дошт директори лоиҳаи мазкур Усмон Сабзов ба мухбири АМИТ «Ховар». Роҳбарияту мутахассисони Маркази идораи лоиҳа мунтазам ба ноҳияҳои пилотӣ сафарҳои хизматӣ анҷом дода, мавзеъҳои фарогири лоиҳаро меомӯзанд.Чунин чорабиниҳо аз ҷониби мутахассисон дар шаҳрҳои Ваҳдату Роғун, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Файзобод амалӣ гардида, дар сатҳи роҳбарони ноҳия ва муовинони онҳо семинарҳо доир намуданд ва таклифу пешниҳоди онҳоро мавриди омӯзиш қарор доданд. Амалӣ шудани чанд лоиҳа дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар ноҳияҳои Ваҳдату Файзобод ба нақша гирифта шуда, то оғози мавсими корҳои саҳроӣ  дар таҷдиди каналҳо  корҳо анҷом дода мешаванд.

Март 2, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад