ҲХДТ – ПЕШСАФИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНӢ

Март 5, 2010 16:12

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 22 ҷой барои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 16 ҷойро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соҳиб гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, Ҳизби назҳати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 2 ҷойӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 1 ҷойӣ гирифтаанд.   Аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қарақулов Амир Бӯриевич, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон — Нозимов Маҳмадшариф, аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон — Шабдолов Шодӣ Давлятович ва Талбаков Исмоил Иброимович, аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон — Кабиров Муҳидин Тилоевич ва Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — Миралиев Амиршо, Фелалиев Акрамшо Саидшоевич, Хайринисо Юсуфӣ, Зиёратшо Саъдулло, Хақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович, Алиев Ҳусейн Хоҷамирович, Ҳакимова Хадича Фатҳуллоевна, Саиди Ёқубзод, Низом Қосим Пури Ҷаҳонгир, Кинжаева Мунавар Ходиевна, Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна, Сангинов Ҷумабой Раҳматович, Хидирова Махфират Умаровна, Қурбонов Бег Холович, Салимов Талбак Орзуевич, Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳизбҳои сиёсӣ интихоб шуданд.

Март 5, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад