ҲИФЗИ ОЛАМИ НАБОТОТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Март 9, 2010 10:26

Душанбе, 9 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар соли 2010 ҳифзи олами набототро дар қаламрави ҷумҳурӣ зери назорат гирифта, барои ошкор ва муайян кардани қонуншиканиҳо нисбат ба олами набототи ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст,- иброз дошт раиси кумитаи мазкур Хурсандқул Зикиров ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар натиҷаи санҷиш ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтони ҷангалҳо дар як қатор шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, дар ноҳияҳои Данғара, Фархор, Панҷ, Балҷувон, Шаҳритус, Қӯрғонтеппа, Сармуассисаи ҷангали вилояти  «Хатлон» — и вилояти Хатлон, хоҷагии чангали «Ромит» ва «Ваҳдат» — и шаҳри Ваҳдат, Варзоб, Тавилдара ва ноҳияҳои тобеи марказ мушоҳида гардид. Буриши ғайриқонунии дарахтон дар хоҷагиҳои ҷангали ноҳияҳои Ашт, Гончӣ ва Шаҳристони вилояти Суғд низ ба қайд гирифта шудааст. Масъалаи нигоҳубин ва коркарди шираи камол низ дар ҷумҳурӣ   зери назорати кормандон ва мутахассисони соҳа гирифта шудааст, ки он дар асоси  қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ махсус таъкид ёфтааст. Дар бораи зарари ба олами набототи ҷумҳурӣ расонидаи сокинони ноҳияҳои номбаршуда,  ҳуҷҷатҳои расмӣ барои чораҷӯӣ ба  судҳои ин ноҳияҳо пешниҳод  шудааст.  

Март 9, 2010 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад