ҲИЗБИ АГРАРӢ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ЗАМИНРО ПЕШНИҲОД МЕКУНАД

Март 2, 2010 16:41

         Душанбе, 2 март (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов).-  Нимаи дуюми имрӯз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бинои марказии ҳизб барои хабарнигорони хориҷиву ватанӣ нишасти матбуотӣ баргузор кард. Нишасти матбуотиро муовини авали Раиси ҳизб Латипов Рустам бо қироати Изҳороти Раёсати Ҳизби аграрии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои игтихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони халқ дар маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз кард.           Номбурда изҳор кард, ки дар интихоботи гузашта ҳизби аграрӣ дар қатори 7 ҳизби сиёсии кишвар барои гирифтани ваколатҳои депутатӣ мубориза бурда ба гирифтани ду ҷой дар парлумони касбӣ мушарраф гардид ва инро дар таърихи ҳизбе, ки панҷ сол пеш таъсис ёфтааст, муваффаққияти комил медонанд. Интихобот демократӣ озод ва шаффоф баргузор шуд, — қайд кард Р.Латипов.          Яке аз аввалин қонунҳое, ки ҲАТ дар парлумони даъвати нав таҳия ва барои қабул пешбарӣ мекунад,  Қонун дар бораи амнияти озуқавории мамлакат хоҳад буд. Дуввум қонуне, ки ин ҳизб пешбарӣ хоҳад кард, ба қатъ кардани истифодаи ғайримақсадноки заминҳои обии корам мебошад, зеро Тоҷикистон дар доштани заминҳои обии корам ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ омадааст.        

Март 2, 2010 16:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд