ҲИЗБИ АГРАРӢ ЛОИҲАИ ҚОНУНИ ЗАМИНРО ПЕШНИҲОД МЕКУНАД
Душанбе, 2 март (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов).- Нимаи дуюми имрӯз Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар бинои марказии ҳизб барои хабарнигорони хориҷиву ватанӣ нишасти матбуотӣ баргузор кард. Нишасти матбуотиро муовини авали Раиси ҳизб Латипов Рустам бо қироати Изҳороти Раёсати Ҳизби аграрии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои игтихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони халқ дар маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз кард. Номбурда изҳор кард, ки дар интихоботи гузашта ҳизби аграрӣ дар қатори 7 ҳизби сиёсии кишвар барои гирифтани ваколатҳои депутатӣ мубориза бурда ба гирифтани ду ҷой дар парлумони касбӣ мушарраф гардид ва инро дар таърихи ҳизбе, ки панҷ сол пеш таъсис ёфтааст, муваффаққияти комил медонанд. Интихобот демократӣ озод ва шаффоф баргузор шуд, — қайд кард Р.Латипов. Яке аз аввалин қонунҳое, ки ҲАТ дар парлумони даъвати нав таҳия ва барои қабул пешбарӣ мекунад, Қонун дар бораи амнияти озуқавории мамлакат хоҳад буд. Дуввум қонуне, ки ин ҳизб пешбарӣ хоҳад кард, ба қатъ кардани истифодаи ғайримақсадноки заминҳои обии корам мебошад, зеро Тоҷикистон дар доштани заминҳои обии корам ба мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ омадааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






