ҲУКМИ ИҶРОНАШУДАИ СУД ЧӢ МАЪНӢ ДОРАД?

Март 31, 2010 09:45

Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ҳодисаи таркиши газ, ки 8 – уми ноябри соли 2007 дар маҳаллаи Зарафшон рух дод ва   сабаби аз даст додани ҷони ду нафар шаҳрванд гардида буд, ду солу чор моҳ сипарӣ шуд. Дар натиҷаи тафтиш моҳи марти соли 2008 се нафар корманди ҶСК «Душанбегаз» муҷрими ин таркиш дониста шуданд. Дар асоси парвандаи ҷиноятӣ суди ноҳияи Сино гунаҳгоронро аз як то се сол аз озодӣ маҳрум намуда, хисороти ба истиқоматкунандагони бинои рақами 15 расонидашударо, ки 650 ҳазор сомониро ташкил медод ба зимаи ҶСК «Душанбегаз» вогузор намуд. Дар асоси қарори суд корхона ҳамагӣ 50 ҳазор сомонӣ товони зарарро ҷуброн науда,  600 ҳазорашро ба зарардидагон ҳисобӣ кардан намехоҳад. Ҳар чанд суратҳисоби ҶСК «Душанбегаз» аз тарафи иҷрочиёни суди ноҳия баста шуда,   пардохти қарзи ҷабрдидагонро ба маблағи 600 ҳазор талаб карда бошанд ҳам, ҶСК «Душанбегаз» онро пардохт кардан намехоҳад. Дар моддаи 363 – и КҶҶТ омадаст, ки ҳукм, ҳалнома ё санади дигари ҳукми қонунӣ пайдо намудаи судро қасдан иҷро накардани намояндаи ҳокимият, хизматчии давлатӣ… инчунин хизматчиии муассисаи давлатӣ ё дигар ташкилот ва ба иҷрои онҳо монеъ шудан; бо ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 маоши ҳадди ақал ё ба маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол ҷазо дода мешавад. Саволи матраҳ ин аст, ки ҳукми суд аз ҷониби ҶСК «Душанбегаз» ҷиддӣ қабул карда нашудааст ё суд дар иҷрои ҳукми худ ҷиддӣ нест? 

Март 31, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад