ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАНҶИ ҚОРУН БУВАД…
Шаҳринав, 26 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар мактаб-интернати ноҳияи Шаҳринав сехи дуредгарӣ ба кор оғоз кард. Дар он хонандагон баъд аз дарс ба сохтани мизу курсиҳо ва тайёр намудани асбобҳои хониш машғул мешаванд. Сехи мазкур бо маблағгузории созмони ғайридавлатии «Нидои аср» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанде қабл дар ин ҷо сехи бофандагӣ низ таъсис ёфта буд. Ба 15 нафар духтарони мактаб-интернат ва 10 нафар занҳои гирду атроф бофандаи моҳир Миҷгона Неъматова нозукиҳои ҳунари бофандагиро омӯхт. Маҳсули дастони ҳунармандон аз қабили рӯймол, камзӯлча,ҷуроб, куртаҳои кӯдакона ва ғайраҳо аллаккай мақбули харидорон гаштааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






