ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАНҶИ ҚОРУН БУВАД…

Март 26, 2010 15:41

Шаҳринав, 26 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Дар мактаб-интернати  ноҳияи Шаҳринав сехи дуредгарӣ ба кор оғоз кард. Дар он хонандагон баъд аз дарс ба сохтани мизу курсиҳо ва тайёр намудани асбобҳои хониш машғул мешаванд. Сехи мазкур бо маблағгузории созмони ғайридавлатии «Нидои аср» дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки чанде қабл дар ин ҷо сехи бофандагӣ низ таъсис ёфта буд. Ба 15 нафар духтарони мактаб-интернат ва 10 нафар занҳои гирду атроф бофандаи моҳир Миҷгона Неъматова нозукиҳои ҳунари бофандагиро омӯхт. Маҳсули дастони ҳунармандон аз қабили рӯймол, камзӯлча,ҷуроб, куртаҳои кӯдакона ва ғайраҳо аллаккай  мақбули харидорон гаштааст.  

Март 26, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид