ҶАЛАСАИ СИТОД

Март 15, 2010 16:34

Шаҳраки Сомониён, 15 март. (АМИТ «Ховар»,Ҳотам Рабиев).- Дар ҷамоати Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ҷаласаи сайёри мубориза бар зидди малах баргузор гардид.Ҳадафи асосии ситод мубориза ва роҳ надодан ба паҳншавии малах ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ дар ҳудуди деҳоти Эсанбой мебошад. Тавре муовини аввали  раиси ноҳияи Рӯдакӣ, сардори ситоди мазкур Мамараҳим Юсуфов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар ҷаласа мутахассисони худи ноҳияи Рӯдакӣ, фаъолони ҷамоат, мутахассисон аз вазорати кишоварзӣ, масъулин аз ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода иштирок доштанд. Дар кори ҷаласа раиси ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров низ ширкат ва дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт, то бар зидди малах — ин офати сарсабзиҳо муборизаи дастаҷамъона баранд. Боиси тазаккур аст, ки шурӯъ аз соли 2006 инҷониб дар ҳудуди деҳоти Эсанбой малахи «марокашӣ» хурӯҷ карда, ба зироатҳои кишоварзии хоҷагиҳои деҳқонӣ заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ва чарогоҳҳо зарар мерасонд. Мутахассисон бар зидди малах аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла аз аппаратҳои дорупошӣ, тракторҳои ОВХ ва дигар таҷҳизотҳо истифода мебаранд. Дар ҷаласа нақшаи мушаххаси мубориза бар зидди малах мавриди баррасӣ ва тасдиқ гардид.     

Март 15, 2010 16:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад