ҶАЛБИ САРМОЯ БА МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Анвар Ёқубов бо супориши Президенти ҷумҳурӣ дар мулоқоти 18 — уми анҷумани иқтисодию экологӣ ширкат варзид, ки дар Вена баргузор гардид. Вай баъди бозгашт зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки дар мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳвамкории тиҷоратию иқтисодӣ дар қаламрави мамлакатҳои аъзои САҲА, васеъ намудани шабакаи роҳҳои транзитӣ барои ҳамлу нақли мол, идораи самарабахши роҳҳои нақлиётии байналмилалӣ, беҳтар сохтани амнияти рафту омади воситаҳои нақлиёт ва ба бандарҳои баҳрӣ роҳ ёфтани мамлакатҳо муҳокима карда шуданд. А. Ёқубов афзуд, ки зимни сафар бо намояндагони Палатаи иқтисодии Австрия мулоқот кардааст. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории палатаи мазкур бо муассисаҳои соҳавии Тоҷикистон муҳокима шуданд. Мавсуф қайд кард, ки моҳи феврал гурӯҳи намояндагони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд» ва «Панҷ», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва гурӯҳи соҳибкорони тоҷик ба Аморатҳои Муттаҳидаи Араб сафар карданд. Зимни сафар таҷрибаи бисёрсолаи ин мамлакат дар масъалаи рушди фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омӯхта шуд. Мутахассисони тоҷик бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Чобил Алӣ» фурудгоҳи байналмилалии Дубай, маркази борфурорию боргирии шаҳри Дубай, раёсати гумруки он ва ғайра шинос гардиданд. Қайд карда шуд, ки ба наздикӣ роҳбари гурӯҳи намояндагии Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо Улф Хинсдстром, намояндаи сафоратхонаи Лаҳистон дар Тоҷикистон Славомир Стшалковский, намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Лаҳистон, раиси ассоситасияи миллии тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон Матлуба Ӯлҷабоева ва дигарон ба вилояти Суғд сафар карда. бо фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос гардиданд. Зимни ин сафарҳо силсилаи қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Анвар Ёқубов зикр кард, ки айни ҳол дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон таҳия ва такмили қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» давом дорад. Зимни таҳияи қонун аз таҷриба ва тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Иқтисодии Евразия, Минтақаи озоди иқтисодии «Витебск» — и Русия, пешниҳодҳо ва тавсияҳои созмонҳои тиҷоратии мамлакат, инчунин таҷрибаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб истифода карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






