ҶАЛБИ САРМОЯ БА МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ

Март 5, 2010 14:17

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар»,  Людмила  Дубинина). – Роҳбари  маъмурияти  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»   Анвар  Ёқубов  бо  супориши   Президенти  ҷумҳурӣ  дар  мулоқоти  18  — уми  анҷумани   иқтисодию  экологӣ  ширкат  варзид, ки   дар  Вена  баргузор  гардид. Вай  баъди бозгашт  зимни  сӯҳбат бо  мухбири  АМИТ «Ховар»  изҳор  намуд, ки   дар  мулоқот  маҷмӯи  масъалаҳои  марбут ба   рушди  ҳвамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ дар  қаламрави  мамлакатҳои  аъзои   САҲА,  васеъ  намудани  шабакаи  роҳҳои  транзитӣ  барои  ҳамлу  нақли  мол,  идораи  самарабахши роҳҳои  нақлиётии байналмилалӣ,  беҳтар  сохтани  амнияти  рафту  омади  воситаҳои  нақлиёт   ва ба  бандарҳои  баҳрӣ  роҳ  ёфтани  мамлакатҳо  муҳокима  карда шуданд. А. Ёқубов  афзуд, ки   зимни  сафар  бо  намояндагони  Палатаи  иқтисодии  Австрия   мулоқот  кардааст. Дар  ҷараёни  мулоқот масъалаҳои  ҳамкории палатаи  мазкур  бо  муассисаҳои  соҳавии  Тоҷикистон  муҳокима  шуданд. Мавсуф  қайд  кард,  ки  моҳи  феврал  гурӯҳи  намояндагони  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон,  роҳбарони  минтақаҳои  озоди иқтисодии  «Суғд» ва «Панҷ»,  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  вилояти  Суғд  ва гурӯҳи   соҳибкорони  тоҷик  ба  Аморатҳои  Муттаҳидаи  Араб  сафар  карданд.  Зимни  сафар  таҷрибаи   бисёрсолаи  ин  мамлакат   дар  масъалаи   рушди  фаъолияти  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ  омӯхта  шуд. Мутахассисони  тоҷик  бо  фаъолияти   минтақаи  озоди  иқтисодии  «Чобил Алӣ»  фурудгоҳи  байналмилалии  Дубай,  маркази  борфурорию  боргирии  шаҳри  Дубай,  раёсати  гумруки он   ва  ғайра  шинос  гардиданд. Қайд  карда  шуд, ки   ба наздикӣ  роҳбари   гурӯҳи  намояндагии  Бонки  тармиму  таҷдид  ва рушди  Аврупо  Улф  Хинсдстром,  намояндаи  сафоратхонаи  Лаҳистон  дар  Тоҷикистон Славомир Стшалковский, намояндагони  ширкатҳои тиҷоратии  Лаҳистон,   раиси  ассоситасияи  миллии   тиҷорати  хурду  миёнаи  Тоҷикистон  Матлуба  Ӯлҷабоева  ва дигарон  ба  вилояти  Суғд  сафар  карда.  бо  фаъолияти  минтақаи озоди  иқтисодии  «Суғд»  шинос гардиданд.  Зимни  ин  сафарҳо   силсилаи  қарордодҳои  ҳамкорӣ ба  имзо расиданд. Анвар  Ёқубов  зикр  кард, ки  айни  ҳол  дар  Вазорати рушди  иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон  таҳия  ва  такмили  қонун «Дар  бораи  минтақаҳои  озоди  иқтисодӣ»  давом  дорад.  Зимни  таҳияи  қонун  аз  таҷриба  ва тавсияҳои  Ассамблеяи байнипарлумонии  Иттиҳоди  Иқтисодии  Евразия,  Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Витебск» — и  Русия,   пешниҳодҳо  ва тавсияҳои   созмонҳои тиҷоратии   мамлакат,  инчунин таҷрибаи   Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  ва Аморатҳои  Муттаҳидаи  Араб  истифода  карда  мешавад.

Март 5, 2010 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид