ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОН

Март 2, 2010 11:14

Душанбе,  2 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  28  феврал дар  Тоҷикистон  интихоботи  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олӣ ва  маҷлисҳои  маҳаллии  қолнунбарор  баргузор  гардиданд. Аз  рӯи  маълумоти  пешакии  Комиссияи марказии интихобот  ва  раъйпурсии  ҷумҳурӣ,  дар  ҷараёни  интихобот 153236 нафар (5,01 %) ба тарафдории  Ҳизби  аграрии Тоҷикистон, 26614 нафар (0,84%)   ба тарафдории  Ҳизби  демократии  Тоҷикистон, 147896 нафар (5,09 %)   ба тарафдории  Ҳизби  ислоҳоти  иқтисодии  Тоҷикистон, 227809 нафар (7,22 %), ба тарафдории  Ҳизби  коммунисти  Тоҷикистон, 244171 нафар (7,74 %) ба тарафдории  Ҳизби  наҳзати  исломии Тоҷикистон, 14907  нафар (0,47 %) ба тарафдории  Ҳизби  Сотсиалистии  Тоҷикистон,  22610 нафар  (0,72%)  ба тарафдории  Ҳизби   сотсиал —  демократии  Тоҷикистон  ва  2261406 нафар (71,69%)  ба тарафдории  Ҳизби  халқии  демократии  Тоҷикистон  овоз  доданд. Раиси  Комиссияи  Марказии  интихобот  ва  раъйпурсии  ҷумҳурӣ Мирзоалӣ  Болтуев  зикр  намуд, ки  дар  парлумони  нав  се  ҳизб – Ҳизби  сотсиал —  демократӣ,  Ҳизби  сотсиалистӣ  ва  Ҳизби демократии  Тоҷикистон  аз  ваколати  намояндагӣ  дар Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси олӣ маҳрум  гардиданд. Баъди эълони  натиҷаҳои  пешакии  интихобот,  гурӯҳи  нозирони  Кумитаи  иҷроияи  ИДМ  дар  бораи  натиҷаҳои  интихобот  изҳорот  дод.  Раиси   гурӯҳи  нозирони  ИДМ  Сергей  Лебедев изҳор  намуд, ки  интихобот  дар  Тоҷикистон  мувофиқи  Қонуни  асосиии  ҷумҳурӣ  ва  қонунгузории  амалкунандаи  интихобот  ва  принсипҳои демократия  гузаронида шуд. Гурӯҳи  нозирони  ИДМ    изҳор  намуд, ки интихоботи  парлумони  Тоҷикистон  ба таври   озоду  демократӣ ва  шаффоф  баргузор  гардид. Сипас   намояндаи  гурӯҳи  нозирони  созмони  «Ҷонибдорони  интихоботи  одилона»   изҳорот  дод. Дар  изҳорот  аз  ҷумла,  гуфта  мешавад, ки   дар  ҷараёни  интихобот   ҳодисаҳои  риоя  нашудани  қонун,  маҳдуд  гардонидани  ҳуқуқи   шаҳрвандон  барои  иштирок   дар  интихобот   мушоҳида карда нашуд.  Интихобот  мувофиқи талаботи  марҳилаи  имрӯзаи   рушди   ҷомеа  дар  Тоҷикистон,  таърихи  гузаштаю  имрӯзаи он, дар  вазъияти  гуногунандешии  сиёсӣ,  иштироки  фаъолонаи  хизбҳо ва  рақобати  солими  сиёсӣ  гузаронида шуд. Дар  изҳороти  ҳайати  нозирони  Созмони  ҳамкории  Шанхай  гуфта  мешавад, ки  интихоботи  парлумони  Тоҷикистон  умуман  дар  сатҳи баланд  ва  муташаккилона  баргузор  гардид.  Дар  баъзе  қитъаҳои  интихоботӣ  камбудиҳои  ночиз   мушоҳида  карда шуданд, ки ба  натиҷаҳои  интихобот  таъсир  расонида наметавонанд. Ҷараёни  интихоботро  дар  Тоҷикистон  534  нозири  байналмилалӣ,  аз  ҷумла  намояндагони  Созмони  амнияту  ҳамкории  Аврупо,  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  ва Созмони ҳамкории  Шанхай  назорат  карданд.    Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки дар  интихобот  3 миллиону  154  ҳазору 433  нафар  иштирок намуд,  ин  87,1  фоизи  шумораи  умумии  интихобкунандагонро ташкил  медиҳад. Дар  интихоботи  парлумон  намояндагони  8  ҳизби  сиёсӣ —   Ҳизби  халқии  демократӣ, Ҳизби  демократӣ,  Ҳизби  наҳзати  исломӣ ва   Ҳизби  коммунист   ширкат варзиданд. Инчунин  Ҳизби  сотсиал — демократӣ,  Ҳизби  сотсиалистӣ ва  Ҳизби  демократӣ  номзадҳояшонро  пешбарӣ  карданд,  Ҳизби  аграрӣ  ва  Ҳизби  ислоҳоти  иқтисодии  мамлакат бори  аввал  дар  интихоботи  парлумон ширкат  варзиданд. Мувофиқи  рӯйхати  ҳизбӣ дар  ҳавзаи  умумиҷумҳуриявии  интихоботӣ  73  номзад  ва дар  41  ҳавзаи  якмандатии  интихобот  144  номзад  ба  қайд  гирифта шуд. Аз  ин  ҷумла 65  нафар  номзадии  худро   мустақилона  пешбарӣ  карда буданд.  15 – 16  фоизи  номзадҳои  бақайдгирифташуда  занон  мебошанд.

Март 2, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд