ҶАСАД ДАР НАЗДИ МАКТАБИ МИЁНАИ №1

Март 10, 2010 15:54

Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Субҳи имрӯз дар наздикии бинои мактаби рақами 1, воқеъ дар кӯчаи Тоҷикистон ноҳияи Ёвон ҷасади духтари тахминан 20 сола бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Тавре ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар натиҷаи гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Диловар Гулмирзоеви 29 сола бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир гардид. Мувофиқи тафтишоти пешакӣ шаби 9 ба 10 марти соли равон Д. Гулмирзоев бо санг ба сари ҷабрдида зада ӯро аз пой меафтонад. Дар натиҷаи гирифтани зарб духтар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Оид ба ҷинояти вазнин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, далели шайъӣ дарёфт гардид. Тафтишот идома дорад.  

Март 10, 2010 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад