ҶАШНИ КОРХОНА

Март 11, 2010 15:38

Турсунзода, 11 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-31 марти соли ҷорӣ 35 сол пур мешавад, аз он лаҳзае, ки нахустин хӯлаи алюминӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» рехта шуд ва онро яке аз  коргарони  пешқадами корхона Ҳайдар Гулов бо ду даст бардошта, ба тамошобинон нишон дода буд. Дар муддати 35 сол корхона ба пурмаҳсултарин корхонаи ҷумҳурӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт. Дар солҳои номбурда кадрҳои маҳаллӣ дорои ихтисосҳои хеле баланд гардида, дар пешрафти корхона саҳми бузург мегузоранд. Алҳол Садриддин Шарифов, Салом Назаров, Бобоалӣ Табаров дар вазифаҳои роҳбарикунандаи корхона фаъолият доранд.

Март 11, 2010 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд