ҶАШНИ КОРХОНА
Турсунзода, 11 март. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-31 марти соли ҷорӣ 35 сол пур мешавад, аз он лаҳзае, ки нахустин хӯлаи алюминӣ дар Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» рехта шуд ва онро яке аз коргарони пешқадами корхона Ҳайдар Гулов бо ду даст бардошта, ба тамошобинон нишон дода буд. Дар муддати 35 сол корхона ба пурмаҳсултарин корхонаи ҷумҳурӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошт. Дар солҳои номбурда кадрҳои маҳаллӣ дорои ихтисосҳои хеле баланд гардида, дар пешрафти корхона саҳми бузург мегузоранд. Алҳол Садриддин Шарифов, Салом Назаров, Бобоалӣ Табаров дар вазифаҳои роҳбарикунандаи корхона фаъолият доранд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






