ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲАИ САНГПАР-И ҶАМОАТИ ДӮСТӢ

Март 19, 2010 14:16

Ваҳдат,19 март.(Амит «Ховар»,Зебо Давлатова)      Тавре,ки муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода  ба хабарнигори  АМИТ»Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамоати Дӯстӣ, маҳаллаи Сангпар бо дастгирии яке аз бонувони сарбаланд,раиси шӯрои занҳои ҳамин маҳалла  Мелихол Шарифова ҷашни Наврӯзӣ пешвоз гирифта шуд.Дар баргузории ҷашни Наврӯз намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Мавлуда Оймаҳмадова, ва дигар занони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.Бояд қайд кард ,ки дар ин ҷашни Наврӯзи яке аз меҳмонони олиқадр,донишҷӯи амрикоӣ Ҷеми Столц иштирок дошт ва нисбат ба анъанаҳои мардуми тоҷик назари нек дошт ва зимни сӯҳбат бо лаҳни зебои дарии тоҷикӣ оид ба расму русум ва анъанаҳои неки ниёгони мо таваҷҷуҳи зиёд намуд.Дар дастурхони Наврӯзӣ  тамоми намудҳои хӯрокиҳое,ки дар фасли Наврӯз пухта мешаванд ,пешкаши иштирокдорон карда шуд. Ҳунарманди Қасри Фарҳанги шаҳр Шаҳригул Акобирова бо сурудҳои дилангези худ хотири иштирокдорони ҷашни Наврӯзиро шод гардонид.

Март 19, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад