ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР ДЕҲАИ САНГПАР-И ҶАМОАТИ ДӮСТӢ
Ваҳдат,19 март.(Амит «Ховар»,Зебо Давлатова) Тавре,ки муовини раиси шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод, дар ҷамоати Дӯстӣ, маҳаллаи Сангпар бо дастгирии яке аз бонувони сарбаланд,раиси шӯрои занҳои ҳамин маҳалла Мелихол Шарифова ҷашни Наврӯзӣ пешвоз гирифта шуд.Дар баргузории ҷашни Наврӯз намояндаи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон Мавлуда Оймаҳмадова, ва дигар занони фаъоли шаҳр иштирок доштанд.Бояд қайд кард ,ки дар ин ҷашни Наврӯзи яке аз меҳмонони олиқадр,донишҷӯи амрикоӣ Ҷеми Столц иштирок дошт ва нисбат ба анъанаҳои мардуми тоҷик назари нек дошт ва зимни сӯҳбат бо лаҳни зебои дарии тоҷикӣ оид ба расму русум ва анъанаҳои неки ниёгони мо таваҷҷуҳи зиёд намуд.Дар дастурхони Наврӯзӣ тамоми намудҳои хӯрокиҳое,ки дар фасли Наврӯз пухта мешаванд ,пешкаши иштирокдорон карда шуд. Ҳунарманди Қасри Фарҳанги шаҳр Шаҳригул Акобирова бо сурудҳои дилангези худ хотири иштирокдорони ҷашни Наврӯзиро шод гардонид.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






