ҶАВОНДУХТАРОНИ ХУҶАНД ФАЪОЛАНД
Суғд, 5 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Аз 1 то 7-уми марти соли равон дар толори варзишии «Юбилейни»-и шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бо ибтикори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 3 намуди варзиш — тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод ва дзюдо мусобиқа баргузор шуда истодааст. Дар сабқат ҷавондухтарон ва ҷавонписарон аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Спитамен, Хуҷанд ва Қайроққум ширкат доранд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа дарёфти чеҳраҳои нав, пешрафти варзиш ва дӯстию рафоқат байни наврасон мебошад. Дирӯз натиҷаи намуди варзиши тенниси рӯи миз байни ҷавондухтарон ҷамъбаст гардид. Ҷои аввал насиби Хуҷанд-1, ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ҷавондухтарони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Қайроққум ишғол намуданд. Намуди гӯштини тарзи озод аз 4-ум то 7-уми март идома меёбад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






