ҶАВОНДУХТАРОНИ ХУҶАНД ФАЪОЛАНД

Март 5, 2010 13:54

Суғд, 5 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Аз 1 то 7-уми марти соли равон дар толори варзишии «Юбилейни»-и шаҳри Хуҷанд, бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ва Соли маориф ва фарҳанги техникӣ бо ибтикори раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар вилояти Суғд аз рӯи 3 намуди варзиш — тенниси рӯи миз, гӯштини тарзи озод ва дзюдо мусобиқа баргузор шуда истодааст. Дар сабқат ҷавондухтарон ва ҷавонписарон аз шаҳру ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Спитамен, Хуҷанд ва Қайроққум ширкат доранд. Ҳадаф аз баргузории мусобиқа дарёфти чеҳраҳои нав, пешрафти варзиш ва дӯстию рафоқат байни наврасон мебошад. Дирӯз натиҷаи намуди варзиши тенниси рӯи миз байни ҷавондухтарон ҷамъбаст гардид. Ҷои аввал насиби Хуҷанд-1, ҷойҳои 2-юм ва 3-юмро ҷавондухтарони ноҳияи Спитамен ва шаҳри Қайроққум ишғол намуданд. Намуди гӯштини тарзи озод аз 4-ум  то 7-уми март идома меёбад.  

Март 5, 2010 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад