ҶУМЪАБЕКИ 62 СОЛАРО ЧӢ ЗАРУРАТ БУД?
Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, ҳангоми доир намудани чунин амалиёт дар идораи алоқаи ноҳияи Истаравшан шаҳрванд Ҷумъабой Носиров, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ маводи сахттаъсири героин, ки вазнаш 1 кг 968 гр ташкил медод, дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин аз ҷониби кормандони мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонии пойтахт, дар кӯчаи Айнӣ шаҳрванд Ҷумъабек Ҳодиев, соли таваллудаш 1948 боздошт намуданд. Зимни кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ маводи нашъадори 1 кг 484 гр навъи бангдона, дарёфт ва мусодира шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






