15 ШИРКАТИ ТУРИСТИИ ҶУМҲУРӢ БА БЕРЛИН МЕРАВАНД

Март 5, 2010 16:21

Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Рӯзҳои  10-13 марти соли равон дар шаҳри Берлини Германия намоишгоҳи анъанавии туристии ITB-Берлин-2010 баргузор мегардад.  Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,   дар кори ин намошгоҳ бори сеюм бо ташаббуси Кумитаи мазкур ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат ширкатҳои туристии Тоҷикистон иштирок менамоянд. Ёдрас мешавем, ки ҳамасола дар ин намошгоҳ наздики 170 кишвари олам ва садҳо ширкатҳои туристии ҷаҳон бо ташкили гушаҳои алоҳида иштирок менамоянд. Барои иштироки фаъолона ва муаррифии харҷи беҳтари захираҳои туристии Тоҷикистон имсол барои иштирок дар намоишгоҳ наздики 15 ширкатҳои туристии ватанӣ, ки аъзои ассотсиатсияи рушди туризми Тоҷикистон мебошанд, ҷалб гардидаанд ва бо воситаи онҳо ширкатҳои дигари туристии кишвар маводҳои  таблиғотии худро ба ин намоишгоҳ мефиристанд. Ҳамзамон соли ҷорӣ ба кори ин намоишгоҳ бори аввал ширкати ҳавопаймоии «Сомон эйр» ҷалб гардидааст. Дар доираи рӯзҳои баргузории намоишгоҳ  бо ташаббус ва мусоидати Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Германия Имомиддин Сатторов баргузории нишасти матбуотӣ ва муаррифии барномаи «Тоҷикистон кишвари туризм»  бо иштироки роҳбари ҳайат раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов пешбинӣ гардидааст.  

Март 5, 2010 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард