18 ҲАЗОР ФУРӮЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ, ВАЛЕ….
Хоруғ, 2 март. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Бо мақсади иҷрои фармони Президенти ҷумҳурӣ «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» дар ВМКБ чорабиниҳои мушаххасу фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Имрӯз дар хонаҳои мардум ва идораву муассисаҳо таи 18 ҳазор фурӯзонакҳои каммасраф васл карда шудаанд. Ҳамзамон, тавре дар Иҷлосияи 22 даъвати сеюми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ раиси ВМКБ Қодири Қосим иттилоъ дод, оид ба амалисозии ин фармон дар фаъолияти мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии вилоят, раёсатҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва минтақавии хадамоти гумрук дар вилоят камбудиҳои ҷиддӣ мавҷуданд. Ҳанӯз на фақат қисми зиёди аҳолӣ, балки як қатор идораву муассисаҳо, бахусус сохторҳои тиҷоратӣ аз лампаҳои тафсон истифода мебаранд. Бо вуҷуди таъкиди чандинкарата, ҳанӯз ҳам дар бозорҳои саросари вилоят чунин лампаҳо дар фурӯшанд ва ташкилотҳои дахлдор ба савдои чунин лампаҳо мамоният намекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






