27 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ

Март 19, 2010 11:22

Душанбе,19 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил моҳи апрели соли 2011 ҷамъбаст мегардад. Боис ба ёдоварист, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми августи соли 2009 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» бо назардошти аҳамияти умумидавлатӣ доштанаш, дар давраи аз 21 то 30 – юми сентябри соли 2010 аз ҷониби мақомоти давлатии омор дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо барӯйхатгирӣ гузаронида мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ 27 млн. сомонӣ ҷудо намудааст. Дар ин барӯйхатгирӣ 750 нафар ҳисобчиён ширкат меварзанд, ки пеш аз оғози маъракаи барӯйхатгирӣ барои омӯзиш ба  курсҳои махсус фаро гирифта мешаванд.

Март 19, 2010 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад