321 КОРХОНА КОР НАКАРД
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мухбири АМИТ «Ховар» дар асоси маълумоти Агентии омори назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар миқёси мамлакат дар давоми моҳҳои январу феврали соли равон ба маблағи 1153, 9 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар корхонаҳои тобеи вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 321,5 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд мебошад. Дар ин давра корхонаҳои коркарди пахта ба маблағи 96,1 миллион сомонӣ ва корхонаҳои тобеи вазорату идораҳои дигар ба маблағи 496,6 миллион сомонӣ маҳсулот бароварданд. Дар давоми ду моҳи аввали соли равон 355 корхона истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 зиёд намуд. Дар ин муддат 321 корхона бо сабабҳои гуногун кор накард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






