65 СОЛИ ҲАЁТ ВА 40 СОЛИ ЭҶОДИЁТ

Март 17, 2010 17:11

Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохта Аюби Кенҷа 65-солагии зодрӯз ва 40-солагии фаъолияти эҷодиашро дар ҳалқаи ҳамқаламон, аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони каломи бадеъ таҷлил кард. Дар маҳфили ба ин муносибат доиргардида, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи  нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳмадзод аз фаъолияти эҷодӣ ва рӯзноманигории Аюби Кенҷа нақл карда, гуфт, ки офаридаҳои ӯ дар миёни омма хонандагони зиёд дошта, маҳбубияти нависандаро сол то сол зиёд кардаанд. Аюби Кенҷа солҳои дароз дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Шӯълаи умед» ва мухбири махсуси «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд фаъолият карда, муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик аст. «Оинаи дил», «Қӯшчинор», «Саворони  саманди сафед», «Номбардор», «Инсофи хунполо» аз китобҳои навиштаи ӯ мебошанд.

Март 17, 2010 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад