65 СОЛИ ҲАЁТ ВА 40 СОЛИ ЭҶОДИЁТ
Душанбе, 17 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохта Аюби Кенҷа 65-солагии зодрӯз ва 40-солагии фаъолияти эҷодиашро дар ҳалқаи ҳамқаламон, аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони каломи бадеъ таҷлил кард. Дар маҳфили ба ин муносибат доиргардида, раиси шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳмадзод аз фаъолияти эҷодӣ ва рӯзноманигории Аюби Кенҷа нақл карда, гуфт, ки офаридаҳои ӯ дар миёни омма хонандагони зиёд дошта, маҳбубияти нависандаро сол то сол зиёд кардаанд. Аюби Кенҷа солҳои дароз дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони советӣ», «Ҳақиқати Ленинобод», «Шӯълаи умед» ва мухбири махсуси «Ҷумҳурият» дар вилояти Суғд фаъолият карда, муҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик аст. «Оинаи дил», «Қӯшчинор», «Саворони саманди сафед», «Номбардор», «Инсофи хунполо» аз китобҳои навиштаи ӯ мебошанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






