АГАР ПРОКУРОР ХОҲАД, КИ ПУЛ КОР КУНАД…

Март 29, 2010 12:16

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Прокурор   маънои шахсеро дорад, ки ба дуруст иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби давлат назорат мебарад, аммо ёвари прокурори ноҳияи Восеъ Расул Рустамов акси инро кардааст. Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агенттӣ, ёвари прокурори ноҳияи Восеъ Расул Рустамов дар 8 ҳолат ба ҷиноятҳои гуногун даст зада, шаҳрвандонро озор додаст. Бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 – и КҶҶТ). Якеро барои дуздӣ, дуввумиро барои таҷовуз ба номус, сеюмиро барои даст доштан дар фурӯши маводи нашъадор ва ба ҳамин монанд дар чанд ҳолати дигар гумонбар дониста, барои «халосӣ аз ҷавобгарӣ» аз онҳо пора талаб мекунад ва дар яке аз ин ҳолатҳо ҳангоми содир  кардани ҷиноят дастгир мешавад. Нисбат ба амалҳои ҷиноятии Расул Рустамов аз ҷониби Раёсати тафтишоти НДМ ва мубориза бо коррупсия ба моддаи 247 қ4 (қаллобӣ) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода гардида, тафтишот бурда мешавад.

Март 29, 2010 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд