АГАР ПРОКУРОР ХОҲАД, КИ ПУЛ КОР КУНАД…
Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Прокурор маънои шахсеро дорад, ки ба дуруст иҷро кардани қонунҳо аз ҷониби давлат назорат мебарад, аммо ёвари прокурори ноҳияи Восеъ Расул Рустамов акси инро кардааст. Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агенттӣ, ёвари прокурори ноҳияи Восеъ Расул Рустамов дар 8 ҳолат ба ҷиноятҳои гуногун даст зада, шаҳрвандонро озор додаст. Бо сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 – и КҶҶТ). Якеро барои дуздӣ, дуввумиро барои таҷовуз ба номус, сеюмиро барои даст доштан дар фурӯши маводи нашъадор ва ба ҳамин монанд дар чанд ҳолати дигар гумонбар дониста, барои «халосӣ аз ҷавобгарӣ» аз онҳо пора талаб мекунад ва дар яке аз ин ҳолатҳо ҳангоми содир кардани ҷиноят дастгир мешавад. Нисбат ба амалҳои ҷиноятии Расул Рустамов аз ҷониби Раёсати тафтишоти НДМ ва мубориза бо коррупсия ба моддаи 247 қ4 (қаллобӣ) – и КҶҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода гардида, тафтишот бурда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






