АМАЛИЁТИ ДОМАНАДОРИ ҲАРБӢ ДАР КАНДАҲОР
Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар»). — Шаби 18 март дар вилояти Кандаҳор амалиёти доманадори ҳарбии ҷузъу томҳои артиши Афғонистон ва қисмҳои ҳарбии хориҷӣ оғоз ёфт. Аз дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Давлати Исломии Афғонистон хабар доданд, ки ин дар давоми ду моҳи охир ин амалиёти дуюми доманадори ҳарбӣ дар қисми ҷанубии мамлакат мебошад. Амалиёти нахустин таҳти унвони «Муштарак» бештар аз як моҳ боз дар вилояти Ҳилманд давом дорад. Қисмҳои ҳарбии НАТО дар ҷараёни амалиёт барои безарар гардонидани минаҳои гузоштаи силоҳбадастони ҷунбиши «Толибон» тадбирҳо меандешанд. Амалиёти ҳарбӣ дар вилояти Кандаҳор дар шароити нисбатан мураккаб гузаронида мешавад. Зеро шароити маҳал имкон намедиҳад, ки қисмҳои ҳарбии хориҷӣ ба муқобили дластаҳои мусаллаҳи «Толибон» амалиёти самарабахш гузаронанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






