АМАЛИЁТИ НАВИ ТЕРРОРИСТӢ

Март 31, 2010 14:57

Adhd-drugs.net,  31 март. (АМИТ «Ховар»).  – Русия дар  давоми  як  ҳафтаи  охир  бори  дуюм ҳадафи  ҳуҷуми «бомбаҳои  зинда» қарор  мегирад.  Субҳи  имрӯз дар  шаҳри  Қизлари  Ҷумҳурии  Доғистон  дар  наздикии  биноҳои  Раёсати  корҳои  дохилӣ  ва  Хадамоти  федеролии  амният ду  таркиши шадид  ба  амал  омад. Аз  рӯи  маълумоти  пешакӣ,  дар  натиҷаи  ин таркишҳо  11  нафар,  аз  ҷумла  сардори Раёсати   корҳои дохилии  шаҳри  Қизлар  Виталий  Ведерников  ҳалок  шуданд. Хабар  дода  мешавад, ки   субҳи  имрӯз  дар  шаҳри  Қизлар  аввал  мошини   сабукрави  «Нива»  тарконда шуд. Баъди  дар  маҳалли  воқеа  ҷамъ   шудани теъдоди  зиёди одамон  шахси  либоси  милиса  дарбардошта дар байни  издиҳом  худро  тарконд.  Дафъаи  дуюм,  бар  асари таркиш  9  нафар  ҳалок  шуд. Вазири  корҳои  дохилии Русия  Рашид  Нургалиев  дастур  дод, ки  ин таркишҳо  ҳамаҷониба  таҳқиқ  намуда,  амнияти  корхонаю  муассисаҳои  дорои  аҳамияти  махсусан  муҳим  дар  Доғистон  пурзӯр  карда шавад.  Дар  ин  бора  инчунин  ба  Президенти  Русия  Д.Медведев  таъҷилан  хабар  дода шуд.    

Март 31, 2010 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд