АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МЕТРОИ МАСКАВ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар»). — Субҳи имрӯз дар истгоҳҳои «Лубянка» ва «Парк културы» — и метрои шаҳри Маскав якбора ду таркиши шадид рух дод. Аз рӯи маълумоти Вазорати вазъияти фавқулоддаи Русия дар натиҷаи таркиши истгоҳи метрои «Лубянка» 22 нафар ҳалок гардида, 11 нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Дар истгоҳи метрои «Парк културы» 12 кас ҳалок ва 15 нафар маҷрӯҳ шуд. Айни ҳол дар маҳалли воқеа мутахассисони Вазорати вазъияти фавқулодда таҳқиқот мебаранд. Барои тафтиши ин воқеаи нохуш 207 корманди вазорат сафарбар карда шудааст. Директори Хадамоти федералии амният Александро Бортников дар ин бора ба Президенти мамлакат Дмитрий Медведев хабар дод. Прокурори генералии Русия Юрий Чайка ҷараёни тафтиши воқеаро таҳти назорати шахсӣ қарор додааст. Раиси Кумитаи тафтишоти прокуратураи генералии Русия Владимир Маркин ба хабарнигорон гуфт, ки таркиш дар истгоҳҳои метро кори террористони фидоӣ мебошад. Аз рӯи баъзе хабарҳо дар маҳалли воқеа боқимондаи ҷасади террористон ёфт шудааст, ки ҷинси зан мебошанд. Ба ҳар ҳол хулосаи қатъиро дар бораи амалиёт баъди анҷоми тафтиш баровардан мумкин аст, гуфт В.Маркин. Вай ин воқеаро ба амалиёти ҳарбии чанд рӯз пеш дар баъзе минтақаҳои Ҷумҳурии Чеченистон анҷомёфта вобаста намуд. Қайд карда шуд, ки айни ҳол назорати ҳамаи истгоҳҳои метрои Маскав ва маҳалҳои серодами пойтахти Русия пурзӯр карда шудааст. Инчунин теъдоди зиёди кормандони милиса кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро посбонӣ мекунанд, хабар дод Сардори дафтари иттилооти Раёсати корҳои дохилии Маскав Виктор Бирюков.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






