АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР МЕТРОИ МАСКАВ

Март 29, 2010 15:31

Душанбе,  29 март. (АМИТ «Ховар»). —  Субҳи  имрӯз  дар  истгоҳҳои «Лубянка» ва «Парк  културы» — и  метрои  шаҳри  Маскав  якбора  ду таркиши  шадид  рух дод.  Аз  рӯи  маълумоти  Вазорати  вазъияти  фавқулоддаи  Русия  дар   натиҷаи  таркиши  истгоҳи  метрои «Лубянка»  22 нафар   ҳалок гардида,  11  нафари  дигар  маҷрӯҳ  шуд.  Дар  истгоҳи   метрои  «Парк  културы» 12  кас   ҳалок  ва  15  нафар  маҷрӯҳ  шуд. Айни  ҳол  дар  маҳалли  воқеа  мутахассисони  Вазорати  вазъияти  фавқулодда  таҳқиқот  мебаранд. Барои тафтиши   ин  воқеаи нохуш  207  корманди  вазорат  сафарбар  карда  шудааст. Директори Хадамоти  федералии  амният  Александро  Бортников   дар  ин  бора  ба  Президенти  мамлакат   Дмитрий  Медведев   хабар  дод. Прокурори  генералии  Русия Юрий  Чайка  ҷараёни тафтиши  воқеаро  таҳти назорати  шахсӣ   қарор  додааст. Раиси  Кумитаи  тафтишоти  прокуратураи  генералии  Русия  Владимир  Маркин  ба хабарнигорон гуфт, ки  таркиш дар  истгоҳҳои  метро  кори  террористони  фидоӣ  мебошад.  Аз  рӯи  баъзе  хабарҳо  дар  маҳалли  воқеа  боқимондаи  ҷасади   террористон  ёфт шудааст, ки  ҷинси  зан  мебошанд. Ба  ҳар  ҳол  хулосаи  қатъиро дар  бораи  амалиёт баъди  анҷоми  тафтиш  баровардан  мумкин  аст,  гуфт В.Маркин. Вай  ин  воқеаро  ба  амалиёти  ҳарбии  чанд рӯз  пеш  дар  баъзе  минтақаҳои Ҷумҳурии  Чеченистон  анҷомёфта  вобаста  намуд. Қайд  карда шуд, ки  айни  ҳол назорати  ҳамаи  истгоҳҳои  метрои  Маскав  ва  маҳалҳои  серодами  пойтахти  Русия  пурзӯр карда шудааст. Инчунин  теъдоди  зиёди  кормандони  милиса   кӯчаю  хиёбонҳои  шаҳрро  посбонӣ  мекунанд,  хабар  дод Сардори  дафтари  иттилооти Раёсати  корҳои  дохилии Маскав  Виктор  Бирюков.

Март 29, 2010 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд