АМОНАТБОНК: ХАРИДИ САҲМИЯҲО ДАР НАВРӮЗ
Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Наврӯзи имсола дар саросари кишвар бо шодию фараҳ ва иқдомҳои наҷиб сурат гирифт. Мардуми шарафманди тоҷик дар ҳама ҷабҳаҳо дар ин рӯзҳои наврӯз матонату шарафмандӣ ва садоқати бепоёни худро нисбат ба Ватан ва кишвари азизамон Тоҷикистон нишон доданд. Дар ин замина тамоми аҳли кормандони Дастгоҳи марказии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили Наврӯзи фархундапай, ҳимматбаландона ба миқдори як музди маоши моҳонаи худ аз саҳмияҳои ҶСШК «НБО Роғун», ки маблағи 206 хазору 500сомониро ташкил медиҳад, харидорӣ намуданд. Аз оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои иншооти мазкур, Бонк аз ҳисоби даромадҳои худ ба маблағи 13 миллиону 180 хазор сомонӣ саҳмияҳои ҶСШК «НБО Роғун»-ро харидорӣ намуд. «Ин иқдоми наҷиб идома ёфта, то анҷоми маъракаи мазкур дар ҳар иду ҷашнвора ва рӯзҳои таърихӣ амали мазкур аз ҷониби кормандон ва муассисаҳои бонк такрор хоҳад ёфт», таъкид намуданд дар ин хусус Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






