АНҶОМИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ
Ванкувер, 1 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Дар шаҳри Ванкувери Канада маросими ботантанаи анҷоми Бозиҳои 21 – уми зимистонаи олимпӣ оғоз ёфт. Раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ Жак Рогге дар фарҷоми маросим байрақи бозиҳои олимпиро аз раиси шаҳри Ванкувер Грегор Робертсон қабул намуда, онро ба раиси шаҳри Сочи Анатолий Пахомов месупорад. Маросими анҷоми бозиҳои олимпӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ванкувер гузаронида мешавад. Ба ҷамъомадагон барномаи доманадори консертӣ намоиш дода мешавад, дар фарҷоми он иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ аз варзишгоҳ гузар мекунанд. Хабар дода мешавад, ки дар ҷараёни бозиҳои олимпӣ ба варзишгарони беҳтарини 26 мамлакат 86 даста мукофот дода шуд. Дар бозиҳои имсолаи зимистонаи олимпӣ зиёда аз 2,5 ҳазор нафар иштирок дошт. Дастаи мунтахаби Канада дар бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҷои аввал, дастаи мунтахаби Олмон ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби ИМА ҷои сеюмро ишғол намуданд. Аз Тоҷикистон дар бозиҳои зимистонаи олимпии Ванкувер танҳо 1 нафар варзишгар – Андрей Дригин иштирок дошт. Ӯ 27 феврал дар даври охирини қувваозмоӣ аз рӯи намуди варзиши лижаронӣ аз мусобиқа хориҷ карда шуд.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






