АНҶОМИ БОЗИҲОИ ЗИМИСТОНАИ ОЛИМПӢ

Март 1, 2010 09:05

Ванкувер,  1 март. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Дар   шаҳри  Ванкувери  Канада  маросими  ботантанаи  анҷоми  Бозиҳои  21 – уми  зимистонаи  олимпӣ  оғоз  ёфт. Раиси  Кумитаи  байналмилалии  олимпӣ Жак Рогге дар  фарҷоми  маросим байрақи  бозиҳои олимпиро  аз   раиси  шаҳри  Ванкувер Грегор Робертсон  қабул  намуда,  онро   ба  раиси  шаҳри  Сочи  Анатолий  Пахомов  месупорад. Маросими  анҷоми   бозиҳои  олимпӣ дар  варзишгоҳи  марказии  шаҳри  Ванкувер  гузаронида  мешавад.  Ба ҷамъомадагон  барномаи  доманадори  консертӣ  намоиш  дода  мешавад,  дар  фарҷоми  он   иштирокчиёни  бозиҳои олимпӣ  аз   варзишгоҳ  гузар  мекунанд. Хабар  дода  мешавад, ки  дар  ҷараёни  бозиҳои  олимпӣ ба  варзишгарони  беҳтарини 26  мамлакат 86  даста мукофот  дода  шуд.  Дар  бозиҳои  имсолаи   зимистонаи   олимпӣ  зиёда  аз 2,5  ҳазор  нафар  иштирок  дошт. Дастаи  мунтахаби  Канада  дар  бозиҳои  зимистонаи  олимпӣ  ҷои  аввал,  дастаи  мунтахаби  Олмон  ҷои  дуюм  ва  дастаи  мунтахаби  ИМА  ҷои  сеюмро  ишғол  намуданд. Аз  Тоҷикистон  дар  бозиҳои  зимистонаи  олимпии  Ванкувер  танҳо  1  нафар  варзишгар – Андрей  Дригин  иштирок  дошт. Ӯ 27  феврал  дар   даври  охирини  қувваозмоӣ  аз  рӯи  намуди  варзиши  лижаронӣ  аз  мусобиқа   хориҷ  карда  шуд.  

Март 1, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад