АРҒАНДИВОЛ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД

Март 15, 2010 16:39

Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазири  иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол шоми 15 март бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе меояд. Дар ин хусус,  ба АМИТ «Ховар» атташе оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷибулло Раҳимӣ иттилоъ дод. Н. Раҳимӣ афзуд, ки ҳадафи асосии Арғандивол ба Душанбе иштирок дар ҷаласаи саввуми муштараки байниҳукуматии иктисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Ҷаласаи мазкур муддати се рӯз-16-19 март дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду кишвари ҳамсоя баргузор мегардад. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон дар бахшҳои  тиҷорат, гумрук, стандарт, энергетика, коммуникатсия, маориф, техника, кишоварзӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар назар аст, ки вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол зимни сафараш ба Душанбе бо намояндагони баландпояи Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ менамояд.   

Март 15, 2010 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд