АРҒАНДИВОЛ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 15 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол шоми 15 март бо як ҳайати баландпоя ба Душанбе меояд. Дар ин хусус, ба АМИТ «Ховар» атташе оид ба масъалаҳои иқтисодию тиҷоратии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷибулло Раҳимӣ иттилоъ дод. Н. Раҳимӣ афзуд, ки ҳадафи асосии Арғандивол ба Душанбе иштирок дар ҷаласаи саввуми муштараки байниҳукуматии иктисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Афғонистон мебошад. Ҷаласаи мазкур муддати се рӯз-16-19 март дар Душанбе бо иштироки ҳайатҳои ҳар ду кишвари ҳамсоя баргузор мегардад. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон дар бахшҳои тиҷорат, гумрук, стандарт, энергетика, коммуникатсия, маориф, техника, кишоварзӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Дар назар аст, ки вазири иқтисоди Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол зимни сафараш ба Душанбе бо намояндагони баландпояи Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, маҷмӯи масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ менамояд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






