БАҲОИ САҲА БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 28 феврали соли 2010 баргузор шуд, беш аз 70 % интихобкунандагон ба Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон, 7, 5 % ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва беш аз 7 % ба Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон раъй доданд. Интизор меравад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ марраи панҷдарсадиро гузашта, соҳиби курсӣ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат хоҳанд шуд. Мутаасифона се ҳизби сиёсии Тоҷикистон –Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби демократи Тоҷикистон бинобар ба даст овардани камтар аз як дарсади овози раъйдиҳандагон ба Маҷлиси намояндагон роҳ наҳоҳанд ёфт. Дар робита, бо натиҷагирӣ аз раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар нишасти охирини худ фазои баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон ором арзёбӣ карданд. Вале, аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки интихобот пурра дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён нагирифтааст. Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Артикс Пабрикс гуфт, ки ҳайати нозирони САҲА гузориши ниҳоии худро баъди як моҳ таҳия сохта, бо тавсияҳои худ ба Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Артикс Пабрикс бар он назар аст, ки шояд Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои САҲА-ро дар интихоботи минбаъда ба эътибор хоҳад гирифт.








«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд






