БАҲОИ САҲА БА ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ТОҶИКИСТОН

Март 2, 2010 10:54

Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки 28 феврали соли 2010 баргузор шуд,  беш аз 70 %  интихобкунандагон ба Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон,  7, 5 %  ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ва  беш аз 7 % ба Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон раъй доданд. Интизор меравад, ки  Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ марраи панҷдарсадиро гузашта, соҳиби курсӣ дар палатаи поёнии парлумони мамлакат хоҳанд шуд. Мутаасифона се ҳизби сиёсии Тоҷикистон –Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва Ҳизби демократи Тоҷикистон бинобар ба даст овардани камтар аз як дарсади овози раъйдиҳандагон ба Маҷлиси намояндагон роҳ наҳоҳанд ёфт. Дар робита,  бо натиҷагирӣ аз раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ҳайати нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар нишасти охирини худ фазои баргузории интихоботи парлумониро дар Тоҷикистон ором арзёбӣ карданд. Вале, аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки интихобот пурра дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ҷараён нагирифтааст. Раҳбари ҳайати нозирони САҲА Артикс Пабрикс гуфт, ки ҳайати нозирони САҲА гузориши ниҳоии худро  баъди як моҳ таҳия сохта,  бо тавсияҳои худ ба Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод хоҳад кард. Артикс Пабрикс бар он  назар аст, ки шояд Ҳукумати Тоҷикистон тавсияҳои САҲА-ро дар интихоботи минбаъда ба эътибор хоҳад гирифт.

Март 2, 2010 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад