БАДАХШОН БОЗ СОҲИБИ 2 МЛН. ВАТТ НЕРӮИ БАРҚ МЕШАВАД

Март 16, 2010 09:18

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар дарёи Модиёни Бадахшон сохтмони нерӯгоҳи нави барқи обӣ ба нақша гирифта шуд. Бино ба гуфти директори генералии ширкати «Помирэнерҷӣ» Далер Ҷумъаев, ҳанӯз пеш аз оғози соли  нави 2010 намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Бонки олмонии «kf — W» ва ширкати «Помирэнерҷӣ» ҷойи сохтмони нерӯгоҳи хурди барқи обии               «Модиён» — ро, ки  бо иқтидори 2 мегаватт ( як мегаватт баробари як млн.ватт)    сохта мешавад, дида баромаданд. Бонки олмонии «kf — w» бо мақсади сохтмони ин нерӯгоҳ 5 млн. евро ҷудо намудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ин маблағ барои сохтмони нерӯгоҳи нави барқи обии «Модиён» ва азнавсозии нерӯгоҳи барқи обии Оқсу ва то 800 кВт зиёд намудани иқтидори он равона карда мешавад.  

Март 16, 2010 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд