БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР СММ

Март 2, 2010 12:05

Душанбе,  2 март. (АМИТ «Ховар»). —  1  март  дар  Қасри  миллатҳои  Женева иҷлосияи  13 – уми   Шӯрои  хуқуқи  инсони  Созмони  Милали  Муттаҳид  кушода  шуд. Дар он  маърӯзаи  Комиссари  олии  СММ  дар  масъалаҳои  ҳуқуқи  инсон  Наванетх  Пиллей   шунида,  натиҷаҳои  иҷрои   қарорҳои  иҷлосияҳои  махсуси  Шӯро  муҳокима  карда,  роҷеъ ба   роҳу  усулҳои  назорати  эҳтироми  ҳуқуқи  инсон  дар  мамлакатҳои  гуногун  табодули  назар  карда  мешавад. Иштирокчиёни  иҷлосия  вазъияти  Шарқи  Наздикро  муҳокима  карда, маърӯзаи   гурӯҳи  нозирони  СММ – ро  дар  бобати муқаррар  намудани  далелҳои содир  намудани  ҷиноят  ба  муқобили  инсон   зимни   муноқишаи  мусаллаҳонаи  Исроил  ва  Фаластин   мавриди  баррасӣ қарор  медиҳанд.  Маҷмаи  кулли  СММ  ҳафтаи  гузашта   Ҳукумати  Исроил  ва  маъмурияти  Фаластинро  даъват  карда  буд, ки   далелҳои  поймол  намудани  ҳуқуқи  инсонро   дар  давоми  муноқишаи  мусаллаҳона  бо  назардошти  меъёрҳои  байналхалқӣ  ба таври  воқеӣ  тафтиш намоянд. Дар  маърӯзаи  коршиносони  мустақили  СММ  гуфта  мешавад, ки  бисёр  давлатҳои  ҷаҳон   дар  доираи  мубориза ба  муқобили терроризм аз   ҳабсхонаҳои  махфӣ  истифода  мебаранд.  Дар маърӯза  66  мамлакат  зикр  карда  шудааст, ки  аз  чунин  ҳабсхонаҳо  истифода бурдаанд. Баъзе  давлатҳо  гунаҳкор  карда  мешаванд, ки  барои  ҷазо  додани террористон   дар  ҳудуди  мамлакатҳои  дигар  ҳабсхонаҳои  махфӣ  сохтаанд. Дар иҷлосия  инчунин   маърӯзаи  намояндаи  махсуси  СММ  дар  масъалаҳои  озодии   дин  ва  вазъияти  ҳуқуқи  инсон  дар  ҶХДК  ва  Мянма   шунида  ва  муҳокима  карда  мешаванд.

Март 2, 2010 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд