БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР СММ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар»). — 1 март дар Қасри миллатҳои Женева иҷлосияи 13 – уми Шӯрои хуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид кушода шуд. Дар он маърӯзаи Комиссари олии СММ дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон Наванетх Пиллей шунида, натиҷаҳои иҷрои қарорҳои иҷлосияҳои махсуси Шӯро муҳокима карда, роҷеъ ба роҳу усулҳои назорати эҳтироми ҳуқуқи инсон дар мамлакатҳои гуногун табодули назар карда мешавад. Иштирокчиёни иҷлосия вазъияти Шарқи Наздикро муҳокима карда, маърӯзаи гурӯҳи нозирони СММ – ро дар бобати муқаррар намудани далелҳои содир намудани ҷиноят ба муқобили инсон зимни муноқишаи мусаллаҳонаи Исроил ва Фаластин мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Маҷмаи кулли СММ ҳафтаи гузашта Ҳукумати Исроил ва маъмурияти Фаластинро даъват карда буд, ки далелҳои поймол намудани ҳуқуқи инсонро дар давоми муноқишаи мусаллаҳона бо назардошти меъёрҳои байналхалқӣ ба таври воқеӣ тафтиш намоянд. Дар маърӯзаи коршиносони мустақили СММ гуфта мешавад, ки бисёр давлатҳои ҷаҳон дар доираи мубориза ба муқобили терроризм аз ҳабсхонаҳои махфӣ истифода мебаранд. Дар маърӯза 66 мамлакат зикр карда шудааст, ки аз чунин ҳабсхонаҳо истифода бурдаанд. Баъзе давлатҳо гунаҳкор карда мешаванд, ки барои ҷазо додани террористон дар ҳудуди мамлакатҳои дигар ҳабсхонаҳои махфӣ сохтаанд. Дар иҷлосия инчунин маърӯзаи намояндаи махсуси СММ дар масъалаҳои озодии дин ва вазъияти ҳуқуқи инсон дар ҶХДК ва Мянма шунида ва муҳокима карда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






