БОҒИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО ЗЕБОТАР МЕШАВАД
Хуҷанд, 31 март. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Дар боғи дӯстии халқҳо, ки дар маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ҳашари кабудизоркунӣ гузаронда шуд. Боғ аз партовҳо тоза карда шуда, 800 бех ниҳолҳои сӯзанбаргу ороишӣ шинонда шуд. Дар ин маърака хонандагони мактабҳои № 8, 10 ва 13-ӯм, ки дар наздикии боғ ҷойгиранд, фаъолона ширкат варзиданд. Санъаткорони шаҳр низ бетараф намонда, барои хонандагону ҳашарчиён суруду тарона хонда, табъи ҳозиринро болида намуданд.Аз тарафи ташаббускорон ба хонандагони фаъол тӯҳфаҳо тақдим гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






