БО ИСТИФОДА АЗ АВФ

Март 29, 2010 12:03

Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии НДМ, нақшаи нопоки судяи суди шаҳри Қайроққумро хоҳари маҳкумшуда «У» ба Раёсати Агентии НДМ- и дар вилояти Суғд буда, тавассути шикоят фош намуд. Судя Ашӯр Рӯзиев барои татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз хоҳари маҳкумшуда — «У» 2 ҳазор доллар талаб мекунад. Бо супориши судя котиби маҷлиси судӣ О. Сӯфиев дар рӯзи таъиншуда ҳангоми гирифтани 1000 доллар аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии вилояти Суғд дастгир гардид. Кормандони  Раёсати Агентии НДМ  ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбат ба кирдори  судяи суди шаҳри Қайроққум А.Рӯзиев бо моддаи 319 (гирфтани пора)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабсро татбиқ намуданд, тафтишот идома дорад.

Март 29, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд