БО ИСТИФОДА АЗ АВФ
Душанбе, 29 март (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои шӯъбаи пешгирии коррупсияи Агентии НДМ, нақшаи нопоки судяи суди шаҳри Қайроққумро хоҳари маҳкумшуда «У» ба Раёсати Агентии НДМ- и дар вилояти Суғд буда, тавассути шикоят фош намуд. Судя Ашӯр Рӯзиев барои татбиқи қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз хоҳари маҳкумшуда — «У» 2 ҳазор доллар талаб мекунад. Бо супориши судя котиби маҷлиси судӣ О. Сӯфиев дар рӯзи таъиншуда ҳангоми гирифтани 1000 доллар аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии вилояти Суғд дастгир гардид. Кормандони Раёсати Агентии НДМ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд нисбат ба кирдори судяи суди шаҳри Қайроққум А.Рӯзиев бо моддаи 319 (гирфтани пора)- и КҶҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабсро татбиқ намуданд, тафтишот идома дорад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






