БОЗДОШТИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРҲОИ РУСИЯ

Март 29, 2010 11:51

Душанбе,  29 март. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). —  Ҳавопаймоҳои  мусофирбари  ширкати  ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз  27  март  то  имрӯз  ба  шаҳрҳои  Русия  парвоз  карда  наметавонанд. Зеро  Агентии  федералии  нақлиёти  ҳавоии «Роставиатсия» ба  парвози  ҳавопаймоҳои  ширкатҳои  ҳавонавардии   мамлакати мо  аз Тоҷикистон  ба  Русия  ва  аз  Русия  ба  Тоҷикистон  иҷозат намедиҳад. Айни  ҳол  дар   ширкати  ҳавопаймоии  «Сомон Эйр» ба  охир расидани  машварати  кориро  дар  Маскав  интизоранд.  Дар  ин  машварат  масъалаи  мазкур   муҳокима  карда  мешавад. Дар  мавриди  мусбат  ҳал  шудани  масъала  ҳавопаймоҳои  мусофирбари  «Сомон Эйр»  фавран  ба  Русия  парвоз  хоҳанд  кард. Ширкати  ҳавопаймоӣ  ба  мусофирон пешниҳод  кардааст, ки  чиптаҳояшонро  супоранд ё  ҳалли  масъаларо  интизор  шаванд. Фурӯши  чиптаҳо  ба  ҳавопаймоҳои  самти  Русия  қатъ  карда  нашудааст. Мухбири  АМИТ «Ховар»  ёдовар  мешавад, ки  ҳавопаймоҳои  «Сомон Эйр»  айни  ҳол  аз  Тоҷикистон  ба  шаҳрҳои  Маскав,  Красноярск,  Санкт – Петербург  ва  Оренбург  парвоз  мекунанд.

Март 29, 2010 11:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд