БОЗДОШТИ ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРҲОИ РУСИЯ
Душанбе, 29 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз 27 март то имрӯз ба шаҳрҳои Русия парвоз карда наметавонанд. Зеро Агентии федералии нақлиёти ҳавоии «Роставиатсия» ба парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавонавардии мамлакати мо аз Тоҷикистон ба Русия ва аз Русия ба Тоҷикистон иҷозат намедиҳад. Айни ҳол дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба охир расидани машварати кориро дар Маскав интизоранд. Дар ин машварат масъалаи мазкур муҳокима карда мешавад. Дар мавриди мусбат ҳал шудани масъала ҳавопаймоҳои мусофирбари «Сомон Эйр» фавран ба Русия парвоз хоҳанд кард. Ширкати ҳавопаймоӣ ба мусофирон пешниҳод кардааст, ки чиптаҳояшонро супоранд ё ҳалли масъаларо интизор шаванд. Фурӯши чиптаҳо ба ҳавопаймоҳои самти Русия қатъ карда нашудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳавопаймоҳои «Сомон Эйр» айни ҳол аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Красноярск, Санкт – Петербург ва Оренбург парвоз мекунанд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






